RSS

Тамос

Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират

Суроғаи ҳуқуқӣ
ш. Москва, тангкӯчаи Газетный, х. 1/12

Суроғаи воқеъӣ
ш. Москва, д. Вороновское, шоҳроҳи Варшава, 64-ум километр, хавлидории 1, бинои 47

Реҷаи корӣ
Аз 8:00 то 20:00 (Бе рӯзҳои истироҳатӣ ва рӯзҳои ид)

Телефон
+7 (495) 777-77-77 (хадамоти маълумотдиҳии Ҳуқумати Москва)

Маркази Бисёрсоҳавии Муҳоҷират (МБМ) дар ҳарита

 



 

 

Автобус аз метрои Аннино то МБМ (Маркази Бисёрсоҳавии Муҳоҷират)

Автобусҳо мувофиқи ҷадвали хатсайр ҳаракат мекунанд . Барои гирифтани маълумот дар бораи ҳаракати автобус шумо метавонед аз сомонаи Корхонаи Воҳиди Давлатии Нақлиёти шаҳри Москва (ГУП Мосгортранс) истифода баред.


1) Навъи воситаи нақлиётро нишон диҳед – Автобус
2) Хатсайрро нишон диҳед - МЦ1 (Маркази Муҳоҷиратӣ 1)
3) Санаи рӯзро интиҳоб кунед
4) Хайтсайри харакатро интиҳоб кунед: аз метрои Аннино то Маркази Бисёрсоҳавии Муҳоҷират ва ё Маркази Бисёрсоҳавии Муҳоҷират то метрои Аннино
5) Истгоҳро интиҳоб кунед.

Баъд аз пахш кардани тугмачаи «Ҷадвалро пайдо кардан» ҷадвали дақиқӣ харакати автобусҳо пайдо мешавад.

Истгоҳи автобус дар масофаи 20 метр аз баромадгоҳи метрои Аннино (қатораи охирин аз марказ) дар рӯ ба рӯи Маркази Тиҷоративу Дилхӯшии «Галерея Атлантис» (шоҳроҳи Варшава шоссе, д. 160), қисми марказии шоҳроҳи Варшава. Автобусҳо ҳаррӯз ҳаракат мекунанд.

Ҳаққи роҳкиро — 150 рубл барои сафар ба як тараф.



Таксии маршрутӣ аз метрои Теплый стан то МБМ

Ҳамарӯза аз метрои «Теплый стан»: 06:30; 07:00; 07:30; 08:00; 08:45.

Ҳаққи роҳкиро — 150 рубл барои сафар ба як тараф.


Таксии маршрутӣ аз метрои Гулгашт (Бульвар)-и Дмитрий Донской» то МБМ

Ҳамарӯза аз метрои «Гулгашт (Бульвар)-и Дмитрий Донской» аз соати 6:40 саҳар то соати 16:00 бегоҳӣ бо масофаи 30 дақиқа то Маркази Бисёрсоҳавии Муҳоҷират таксии маршрутӣ сафарбар карда мешавад.

Ҳаққи роҳкиро — 150 рубл барои сафар ба як тараф.


Тавассути автомобили шахсӣ

То Маркази Бисёрсоҳавии Муҳоҷират тавассути шоҳроҳҳои Варшава ва ё Калуга бо истифодабарии автомобили шахси омадан мумкин аст. Вақти сафар аз Роҳи автомобилгарди ҳалқавии Москва (МКАД) – тақрибан 40 дақиқаро ташкил мекунад.

Дар қаламравӣ Маркази Бисёрсоҳавии Муҳоҷират таваққуфгоҳ, ки посбонӣ карда мешавад, қарор дорад. Дар ин таваққуфгоҳ автомобилҳои шахсиро ба муддати вақти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо мондан мумкин аст. Дар таваққуфгоҳ 350 мошинро ҷойгир кардан мумкин аст.

Пардохти ҳаққи хизмати таваққуфгоҳ — 50 рубл барои як соат ташқил мекунад.