RSS

Гирифтани патент (иҷозатнома барои кор) барои дар шаҳри Москва кор кардан

Барои шаҳрвандони Озарбойҷон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украин барои кор ва фаъолият кардан дар шаҳри Москва гирифтани патент (иҷозатнома барои кор) зарур мебошад.

Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ дар Сахарово (МБМ) – ягона ҷое мебошад, ки патенти (иҷозатномаи барои кор) ҳақиқиро барои кор кардан дар шаҳри Москва гирифтан мумкин аст. Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират бо миёнаравҳо кор намекунад. Ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират танхо шахсан муроҷиат кардан мумкин аст.

» Реҷаи кории Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират
» Ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират чӣ тавр омадан мумкин аст

Барои гирифтани патент (иҷозатнома барои кор) ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират дар муддати 20 рӯз аз санаи ворид шудан ба Россия тавсия дода мешавад.
Барои вайрон кардани мӯҳлати муроҷиат барои барасмият даровардани патент (иҷозатнома барои кор) ҷарима дар хаҷми аз 10 то 15 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст (моддаи 18.20 Кодекси Федератсияи Россия дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ)

Барои муроҷиат намудан ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират танҳо ду ҳуҷҷат қифоя мебошад - шиноснома ва корти муҳоҷират, ки дар он қайд «Кор» дар сутуни «Мақсади ворид шудан» нишон дода шудааст.
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки аз 01.01 соли 2016 ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои барасмият даровардани (аз нав барасмият даровардан) патент (иҷозатнома барои кор) танҳо пешниҳод намудани шиносномаҳои биометрикӣ зарур мебошад (шиносномаҳои намуди пешина аз эътибор соқит дониста мешаванд).

Пеш аз супоридани ҳуҷҷатҳо барои барасмият даровардани патент (иҷозатнома барои кор) тавсия медиҳем, ки дар сомонаи Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷират Сарраёсати Вазорати Корҳои Дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва ва ё бевосита дар зерсохторҳои минтақавии Сарраёсати Корҳои Дохилии Россия дар шаҳри Москва тафтиш кунед, ки барои ворид шудан ба Россия ба шумо мавқуф нагузошта бошанд.

Тартиби барасмият даровардани патент (иҷозатнома барои кор) дар Маркази Бисёрсоҳавии Муҳоҷират

Ба шумо танҳо ду маротиба зарур меояд, ки ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират биёед.

Нахустин рафтуомад ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират - пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва гузаштан аз қоидаҳои зарурӣ – барои ин амалҳо шумо камтар аз 2 соат вақтатонро сарф мекунед (вақти мусоид барои супоридани ҳуҷчатҳо баъд аз 14-00).

Нархномаи хизматрасониҳои Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират

Омода кардани ариза, тартиб додан ва супоридани лифофаи ҳуҷҷатҳо ба Раёсати Корҳои Дохилии Сарраёсати Вазорати Корҳои Дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва барои гирифтани патент (иҷозатнома барои кор)3 700 руб.
Гузаштан аз ташхиси тиббӣ2 300 руб.
Санҷиш барои донистани забони русӣ, барои донистани таъриҳи Россияро ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия700 руб.
Барасмият даровардани санади бимаи Суғуртаи Тиббии Ихтиёрӣаз 4 000 руб.
Тарҷума ва тасдиқ намудани тарҷумаи шиноснома400 руб.
Қабули пардохтҳо барои хизматрасониҳои дар боло зикркарда шуда100 руб.
барои як пардохт
ҶАМЪ
(Дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо пардохт карда мешавад)
11 600 руб.
 

▼ Ташхиси тиббӣ

▼ Супоридани имтихон барои донистани забони русӣ, донистани таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия

▼ Суғуртаи тиббии ихтиёрӣ

▼ Тадқиқоти дактилоскопӣ (гирифтани нақши ангуштони даст)

 

Рафтуомади дуввуми ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират - гирифтани патент (иҷозатнома барои кор)

Пас аз гирифтани смс-паёмак дар бораи омода шудани патент (иҷозатнома барои кор) ва ё пас аз тафтиш омодагии он дар сомона тавассути хизматрасонии электронӣ «Фаҳмидани вазъияти ариза барои гирифтани патент (иҷозатнома барои кор)» ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират омадан лозим аст. Дар он ҷой бояд андоз аз даромади шахсони воқеъӣ (НДФЛ) дар ҳаҷми 4200 рубл барои моҳи якуми амали патент (иҷозатнома барои кор) пардохт карда шавад ва гирифтани патент (иҷозатнома барои пардохт) зарур мебошад.

Тафтиш кардани омодагии патент (иҷозатнома барои кор) пас аз 10 - 15 рӯз пас аз супоридани ҳуҷҷатҳо зарур мебошад.
Мувофиқи қонунгузории Раёсати Корҳои Дохилии Сарраёсати Вазорати Корҳои Дохилии Россия дар шаҳри Москва қарор дар бораи додан ва ё рад кардан дар супоридани патент (иҷозатнома барои кор) дар муддати 10 рӯз қабул мекунад.

Тамдид (пардохт) намудани патент (иҷозатнома барои кор) дар муддати 11 моҳ

Патент (иҷозатнома) эътиборнок донистан мешавад агар вай пардохта шуд. Патент (иҷозатнома) эътиборнок донистан мешавад агар вай пардохта шуд. Ҳангоми пардохт накардани он мӯҳлати эътиборнокии вай қатъ мегардад. Хатти расидро барои пардохтани Андоз аз даромади шахсони воқеъӣ бо таври автоматикӣ дар сомона тавассути хизматрасонии электронӣ «Хатти расид барои пардохт кардани патент (иҷозатнома барои кор)» тартиб додан мумкин аст. Инчунин онро дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират гирифтан ва пардохт кардан дар тамоми бонкҳо мумкин аст. Пас аз пардохт тамоми хатти расидро то вақти гирифтани патент (иҷозатнома барои кор)-и нав нигоҳ доштан лозим аст.

ДИҚҚАТ!
Дар холате, ки агар шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун шуд ва маблағи патент (иҷозатнома барои кор)-ро ба мӯҳлати набунадаш пардохт накардааст, ҳангоми баргаштан ба қаламрави Федератсияи Россия ба вай зарур меояд, ки патент (иҷозатнома барои кор)-и аз нав гирад.

» Вазъияти ариза барои гирифтани патент (иҷозатнома барои кор) донистан
» Хатти расид барои пардохти маблағи патент (иҷозатнома барои кор)
» Тафтиш кардан оё маблағи патент (иҷозатнома барои кор) пардохта шудааст?